Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Модари тамоми нобудиҳо" дар 250 миллион соли пеш


Олимон мегӯянд, ки фарзияи аслӣ доир ба нобудии саросарии мавҷудоти рӯзи Замин дар 250 миллион соли пеш дуруст нест, ки дар он замон 95 дар сади мавҷудоти обӣ ва 70 дар сади мавҷудоти хушкигард аз байн рафтанд. Ин ҳодиса, ки “модари тамоми нобудиҳо” ном гирифтааст, дар давраи пермиёнӣ, ҳамон 250 миллион соли пеш ба вуқӯъ пайвастааст.

Аз ин падидаи тарснок, ки миллионҳо сол асрораш нокушуда монда буд, далелҳои наве ба мисли рустаниҳои азими сангшуда ва боқимондаҳои дигар мавҷудот дарак медиҳанд. Аммо то кунун маълум нест, ки чӣ омиле сабаби маҳви саросарии мавҷудоти рӯи Замин шудааст. Донишмандони бритониёӣ ахиран бо нашри пажӯҳише он фарзияи аслиро рад карданд, ки бар асоси он гуё тамоми оксигени таркиби обҳои уқёнус хориҷ шуда ва моддаи кимиёвии сулфид дар он афзуда ва ҳамингуна сабаби марги мавҷудоти обӣ шудааст.

Баъд аз он абрҳои сулфиди гидроген аз баҳрҳо хориҷ шуда, ҳамроҳ бо гази метан қабати озонро, яъне сипареро вайрон карданд, ки сайёраи Заминро аз нурҳои ултрабунафш ва хатарноки Б-и Офтоб ҳифз мекунад.

Бар асоси фарзия, дар хушкиҳо миқдори аз ҳад зиёди сулфиди гидроген мавҷудоти зиндаро нобуд кардааст ва ДНК – и онҳо аз таъсири радиатсияи Офтоб пора-пора шудаанд.

Гурӯҳе аз донишмандони Донишгоҳи Шеффилд дар Инглистон бо истифода аз моделҳои комютерӣ саъй кардаанд, то таркиби кимиёвии атмосфераи Замин дар он давраро таҳқиқ намоянд.

Бар асоси хулосаҳои онҳо, сатҳҳои поёнии атмосфера дар манотиқи тропикии Замин мисли сипаре хидмат мекард, ки намегузошт, то сулфиди гидроген қабати озонро ба таври ҷиддӣ хароб кунад.

Аз ин сабаб, мегӯянд онҳо, гази мазкур наметавонист, ҳамаи мавҷудоти обиву хушкиро ҳамзамон нобуд кунад. Дигар аз фарзияҳое, ки доир ба нобудии саросарӣ дар 250 миллион соли пеш вуҷуд дорад, ин аст, ки афтодани шиҳоб ба курраи Замин ва ё афтидани силсилаи шиҳобҳо ба Замин тамоми мавҷудот дар саёраро маҳв кардааст, ҳамонгуна, ки 62 миллион соли пеш як шиҳоби азим бо афтидан ба Замин динозаврҳои бечораро маҳв кард. Шиҳобҳо баъди афтидан ба курраи Замин чангу гарди зиёдро ба осмон мехезонанд ва пардаи ғафси гард пеши нурҳои Офтобро гирифта, ҳамингуна мавҷудоти рӯи Замин маҳв мешавад.

Фарзияи дигар доир ба нобудии мавҷудоти курраи Замин дар 250 миллион соли пеш ин аст, ки гӯё дар он давра вулқонҳо бо шиддат оташфишонӣ карда, сабаби гармоиши курраи Замин ва рехтани боронҳои кислотаӣ шуданд, ки ин омехтагӣ барои мавҷудоти зинда марговар аст.

XS
SM
MD
LG