Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кишварҳои Осиёи марказӣ ва манофеъи Русияву Чин


Соли гузашта, вақте Русияву Чин тамрини муштараки низомӣ баргузор намуданд, бисёре аз шореҳон дар бораи таъсиси як эътилофи стратежии нав ҳарф заданд.

Вале воқеъият ин аст, ки ду кишвар барои нуфуз дар ин минтақаи саршор аз маводди сӯхт рақобат доранд.
Ин ду кишвар дар Шӯрои Амнияти СММ ҳамраъйӣ нишон дода, дар масъалаҳои гуногун, аз ҷумла истиқлоли Косово ва таҳрими Эрон бар зидди иқдомҳои мамолики ғарбӣ овоз медиҳанд.
Маскаву Пекин ҷонибдори ҷаҳони ба гуфти онҳо "бисёрқутба" ҳастанду дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой нақши асосиро бар дӯш гирифтаанд.
Вале дар дарозмуддат дурнамои ин ҳамраъйӣ чандон равшан нест, зеро ҳар ду кишвар барои дастрасӣ ба захираҳои саршори маводди сӯхти Осиёи Марказӣ рақобати беамон доранд.
Федерико Бордонаро, шореҳи италиявӣ ва муаллифи пажӯҳиши "Қудрат ва манфиъат", мегӯяд, дӯстии Маскаву Пекин на ташкили меҳвари нав дар сиёсати ҷаҳонӣ, балки роҳандозии як эътилоф бар зидди иқдомҳоим ИМА мебошад.
Бордонаро бар ин ақидааст, ки ҳам Русия ва ҳам Чин феълан ба захираҳои маводди сӯхти Осиёи Марказӣ чашм дӯхтаанд.
Ва, дар ҳоле ки Маскав аз тавсиъаи нуфузи Чин дар бозорҳои Осиёи Марказӣ хушҳол нест, имрӯзҳо дар тамоми бозорҳои минтақа маводди озуқа ва либоси чинӣ зиёд шудааст.
Дар ҳоли ҳозир бахши асосии нафту гази Қазоқистону Узбакистон ба Русия содир мешавад.
Вале Чин низ беҳаракат нест. Соли гузашта ширкати "Сhinapetroleumcompany" ба коркарди кони гази табиъии Багтиярлиқи Туркманистон дастрасӣ ёфт.Ба ҳар ҳол феълан манфиъатҳои стратегии Русияву Чин ихтилофу рақобати онҳро канор гузоштааст. Фёдор Лукянов, муҳаррири маҷаллаи "Русия дар умури ҷаҳонӣ", мегӯяд: " Ҳоло мо шоҳиди рақобати Маскаву Пекин нестем, вале мутобиқ ба пешрафти Чин ихтилофи Русия афзоиш хоҳад ёфт, зеро Маскав намехоҳад худро дар ин минтақа дар нақши бародари хурди Пекин бубинад".
Дар ҳамин ҳол. моҳи равон ширкати давлатии «Газпром»-и Русия мувофиқат кард, ки сар аз соли оянда гази табиъии Қазоқистон, Узбакистон ва Туркманистонро бо нархҳои ҷаҳонӣ харидорӣ намояд. Ба ин восита «Газром» саъй дорад, эҳтиёҷоти дохилии Русия ва содироти газ ба Аврупоро таъмин намояд.
Аммо Метю Клементс, шореҳи пажӯҳишгоҳи бритонии "Jane'sinformationgroup", бо ишора ба рушди иқтисоди Чин ва сармоягузориҳои ин кишвар дар Осиёи Марказӣ мегӯяд, сарфи назар аз талошҳои Маскав солҳои оянда Пекин ҷои пояш дар минтақаро тавсиъа мебахшад.
Вале Бордораро таъкид мекунад, ки мавқеъи воҳиди Қазоқистон, Узбакистон ва Туркманистон, дар мавриди фурӯши гази табиъӣ ба Русия нишон дод, ки онҳо низ дар ҳамбастагӣ садои баланд пайдо мекунанд.
Ин садои баланд дар навбати худ метавонад ба фаъъолияти СҲШ таъсир гузорад.
XS
SM
MD
LG