Пайвандҳои дастрасӣ

Сонеҳаи нақлиётӣ ҷони 27 нафарро гирифт


Телевизиони давлатии Эрон гузориш дод, ки дар як сонеҳайи нақлиётӣ дар ҷануби кишвар 27 нафар ба ҳалокат расиданд. Ин ҳодиса шаби душанбе бар асари тасодуми автобуси мусофирбар дар вилояти Хузистон рӯй дод. Роҳҳои мошингарди Эронро аз пурхатартарин масирҳои нақлиётӣ дар ҷаҳон мегӯянд. Иттилои расмӣ ҳокӣ аз он аст, ки баъди ҷашни Наврӯз дар саросари ин кишвар дасти кам 70 нафар ҷони худро аз даст додаанд.
XS
SM
MD
LG