Пайвандҳои дастрасӣ

Муборак дар Русия масоили энержиро баррасӣ мекунад


Раиси ҷумҳурии Миср Ҳусни Муборак имрӯз дар мулоқоти мақомоти баландпояи Русия дар Маскав масоили энержӣ ва вазъи Ховари Миёнаро баррасӣ мекунад. Миср дар садади бунёди чаҳор нирӯгоҳи ҳастаӣ мебошад ва Русия, дар навбати худ, хоҳони ба даст овардани ин созишномаҳои пурқимат буда, ният дорад, дар барномаҳои кашф ва истихроҷи нафту газ дар Миср ширкат кунад. Оқои Муборак қарор аст бо ҳамтои русаш Владимир Путин ва раиси ҷумҳурии мунтахаб Дмитрий Медведев дидору мулоқотҳо анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG