Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯёрӯии Басра чаҳор кушта ба ҷо гузошт


Имрӯз дар Басра, ҷануби Ироқ, даргирии шадиде миёни нирӯҳои амниятӣ ва ҷангиёни вафодор ба рӯҳонии тундрав Муқтадо Садр сар зад. Мақомот гуфтанд, ки дар ин рӯёрӯиҳо дасти кам чаҳор мулкӣ кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Сухангӯи нирӯҳои бритониёӣ гуфт, ки нахуствазир Нурӣ Ал-Моликӣ шахсан аз ҷараёни ин амалиёт назорат мекунад. Нирӯҳои бритониёӣ, ки ҳанӯз моҳи декабр назорат бар Басраро дар ихтиёри артиши миллии Ироқ вогузор карданд, дар ин амалиёт ширкат намекунанд. Минтақаи ғанӣ аз нафти Басра ба маҳалли даргириҳои гурӯҳҳои низомӣ, аз ҷумла артиши Маҳдӣ табдил шудааст, ки хоҳони зери назорат гирифтани ин шаҳр мебошанд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз охири моҳи августи соли гузашта артиши Маҳдӣ оташбас эълон карда ҳама гуна амалиёти худро хотима дода буд. Аммо баъзе манбаъҳо мегӯянд, ки гурӯҳҳои аз фирқаи Садр ҷудошуда дар ин охирҳо дубора ба даст силоҳ гирифтаанд ва ин боиси дар ҳафтаҳои охир афзоиш ёфтани даргириҳо миёни ин афрод ва нирӯҳои амрикоиву ироқӣ шудааст. Дар ҳамин ҳол, имрӯз дар манотиқи ғарбии Бағдод садҳо пуштибонони Муқтадо Садр раҳпаймоӣ карда, алайҳи боздошт шудани баъзе раҳбаронашон эътироз карданд.
XS
SM
MD
LG