Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон, аз рӯи гуштии анъанавӣ мусобиқаҳои байнулмилалӣ ба охир расид.

Ин мусобиқот таҳти унвони «Фестивали якуми сабзи Осиё» сурат гирифт. Дар он аз 14 кишвари қорраи Осиё, аз ҷумла Тоҷикистон, паҳлавонон ширкат карданд.
Рақобатҳо дар вазнҳои 60, 66, 73, 81, 90, 100 ва болотар аз 100 кг баргузор шуданд. Соҳибони майдон дар рӯзи авали мусобиқа аз рӯи гуштии тарзи классикӣ дар вазнҳои гуногун чаҳор медали тило ба даст оварданд. Аммо паҳлавонони тоҷик ҳамаи рақобатҳоро ба ҳарифони худ бохтанд.
Рӯзи дувуми мусобиқаҳо, ки аз рӯи гуштии тарзи анъанавӣ баргузор шуд, паҳлавонони тоҷик соҳиби 4 медали биринҷӣ гаштанд. Паҳлавонон Шавкат Зарифов, дар вазни беш аз 100 кг, Айём Қурбонов дар вазни 66 кг, Искандар Неъматов дар вазни 73 кг ва Лутфуллоҳ Додоев дар вазни 100 кг ҷойҳои севумро ишғол карданд.
Дар ин мусобиқа Осиё паҳлавонони Узбакистону Қазоқистон ва Муғулистон низ хуб ҳунарнамоӣ карда, соҳиби ҷойҳои якуму дувум ва севум шуданд.
Аммо дар сабқати ниҳоӣ, ки байни паҳлавонони Қирғизистону Қазоқистон сурат гирифт, ҷониби Қазоқистон баҳои доваронро эътироф накард. Пас доварон маҷбур шуданд, ки ин ду паҳлавонро дубора ба майдон бароранд. Қаҳрамони Осиё Абдумалик Муллоҷонови қирғизистонӣ рақиби қазоқи худро ба пушт хобонид ва бурди аввалаашро дубора исбот намуд.
XS
SM
MD
LG