Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Покистон савганд ёд кард


Имрӯз дар ҳузури раиси ҷумҳурӣ Парвиз Мушарраф маросими савгандёдкунии нахуствазири нави Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ баргузор шуд. Гелонӣ, ки аз аъзои ҳизби нахуствазири кушташудаи пешин Беназир Бҳутто мебошад, рӯзи душанбе дар парлумон ба ин вазифа интихоб шуд. Дар маросими савгандёдкунӣ дар Исломобод Гелонӣ гуфт:

"Ба ҳайси нахуствазири Покистон ман ӯҳдадориҳо ва вазифаҳои худро босадоқат, бо тамоми тавонмандиҳои худ, бовафо ва мутобиқ ба муқаррароти Қонуни асосии Ҷумҳурии Исломии Покистон ва қонунҳои кишвар иҷро хоҳам кард".

Аксарияти маҷлиси Покистонро эътилофи зидди Мушарраф ташкил медиҳад ва номзадии Гелониро аъзои ҳукумати эътилофии нав пешбарӣ кардаанд. Дафъатан баъди интихоб шуданаш ба мақоми нахуствазирӣ, Гелонӣ ба раҳоии қозии додгоҳи олии кишвар Ифтихор Муҳаммади Чодурӣ ва додрасони дигар амр дод. Ин гурӯҳ аз моҳи ноябр ин тараф, бо ҷоришавии вазъияти фавқулодда дар кишвар аз ҷониби Мушарраф, дар боздоштгоҳ ба сар мебурданд.

XS
SM
MD
LG