Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Медведев алайҳи густариши НАТО ҳушдор дод


Раисиҷумҳури ояндаи Русия Дмитрий Медведев, ки моҳи май расман ба курсии раёсат менишинад, алайҳи густариши паймони низомии НАТО ба кишварҳои шӯравии пешин – Украина ва Гурҷистон – ҳушдор дод. Медведев гуфт, чунин амал сохтори амнияти Аврупоро тахриб хоҳад кард.

Дар сӯҳбат бо рӯзномаи инглисии “Файнешнэл Таймз” Дмитрий Медведев гуфт, ҳеҷ кишвар ба марзҳояш наздик шудани кишварҳои узви паймони низомиеро, ки худ узви он нест, хуш нахоҳад дошт.

Масъалаи ҳамкории зичтар бо Украинаву Гурҷистон дар нишасти сарони паймони низомии НАТО, ки дар аввалҳои моҳи апрел дар Бухарест доир мешавад, баррасӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG