Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш: "Қурбониҳои мо дар Ироқ барҳадар намеравад"


Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш изҳори эътиқод кард, ки ҷонбозиҳои сарбозони амрикоӣ дар Ироқ барҳадар нахоҳад рафт. Вай гуфт, қурбоние, ки артиши Амрико дар Ироқ дод, пойдевори сулҳ барои наслҳои ояндаро гузоштааст: “Ягон рӯз мардум ба ақиб, ба ин давраи таърих менигаранд ва мегӯянд, Шукри худо, мардуми ҷасуре будааст, ки азми хидмат кардан доштанд, чунки пойбевори сулҳро барои чандин насле, ки дар оянда хоҳад омад, онҳо гузоштанд.”

Ин изҳори назари Ҷорҷ Буш дар ҳоле садо медиҳад, ки ҷамъи асокири дар Ироқ кушташудаи Амрико ба 4 000 нафар расидааст. Дар ин ҷанг, ки ҳафтаи пеш ба оғозаш 5 сол пур шуд, ҳамин тавр, даҳҳо ҳазор ироқӣ кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG