Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба нафту гази Ироқ чашм дӯхтааст


Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар номае унвонии сарвазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ гуфтааст, ширкатҳои русӣ ҷиҳати кӯмаки бештар ба бозсохти зербинои иқтисоди Ироқ, аз ҷумла ба соҳоти нафту гази он кишвар омодаанд.

Путин гуфта, ки ширкатҳои русӣ дар баҳрабардорӣ аз кони нафти Қурна ва тармими лӯлае, ки шаҳри Каркуки Ироқро бо бандари Банияс дар Сурия мепайвандад, бояд имкони мушорикати бештар дошта бошанд.

Русия ба хотири мусоидат ба касби қарордодҳои бузургтар барои ширкатҳои русӣ дар Ироқ дар моҳи феврал 12 миллиард доллар, яъне 93 дарсад аз тақрибан 13 миллиард доллар қарзи Ироқро бахшид.

XS
SM
MD
LG