Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Афғонистон 7 миначинро куштанд


Афроди мусаллаҳ дар Афғонистон 7 минарӯбро ба ҳалокат расондаанд. Ин ҳамалот аз пурқурбонитарин ҳамлаҳо алайҳи кормандони созмонҳои ғайридавлатӣ дар Афғонистон тайи чандин моҳи гузашта будааст.

Дар вилояти Ҷузҷон, афроди мусаллаҳ як корвони минарӯбҳо аз гурӯҳи афғонии мавсум ба ATC-ро ҳадафи ҳамла қарор додаанд, ки дар натиҷа 5 минарӯб кушта ва 7 тани дигар захмӣ шудаанд. Ду минарӯби дигари марбут ба гурӯҳи минарӯбии мавсум ба MDC дар вилояти Қундуз кушта шуданд. То кунун ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ду ҳамла ба тимҳои минарӯбро бар ӯҳда нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG