Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико сафораташ дар Минскро нисф мекунад


Амрико қасд дорад шумори кормандони сафораташ дар Беларусро тақрибан 2 баробар коҳиш диҳад. Кордори ин сафорат Ҷонатан Мур гуфт, ин иқдом бар асоси тақозои вазорати хориҷаи Беларус гирифта мешавад.

Дар авоили моҳи март Минск ба нишони эътироз ба таҳримоти алайҳи ширкати “Белнефтехим” ҷорикардаи Амрико сафирашро аз Вошингтон фаро хонда, аз сафири Амрико дар Беларус Карен Стюарт низ дархост кард, қаламрави кишварро тарк кунад. Амрико ин таҳримотро ба хотири фишори бештар болои давлати президенти Беларус Александр Лукашенко гирифта, мехост, Лукашенко дар кишвараш ба озодиҳои бештари сиёсӣ иҷозат дода, маҳбусини сиёсиро аз зиндонҳо раҳо кунад.

XS
SM
MD
LG