Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия нахустин нирӯгоҳи ҳастаияшро хоҳад сохт


Туркия барои эҳдоси нахустин нирӯгоҳи ҳастаӣ дар ин кишвар озмун эълон кардааст. Ин нирӯгоҳ 4000 мегаватт иқтидор дошта, дар наздикии шаҳри бандарии Мерсин, дар ҳошияи баҳри Миёназамин сохта хоҳад шуд.

Мухолифини тарҳи мазкур мегӯянд, эҳдоси нирӯгоҳ нигарониҳои бештари амниятиро ба бор хоҳад овард, чунки маҳалли сохтмонаш як минтақаи зилзилахез будааст. Туркия қасд дорад, ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳар навъ эҳтимоли камбуди нирӯи барқ ва коҳиш додани мизони вобастагиаш аз воридоти нирӯи барқ 3 нирӯгоҳи барқи ҳастаӣ бунёд кунад.

XS
SM
MD
LG