Пайвандҳои дастрасӣ

Баёнияи нав доир ба Қурмонбек Боқиев


Дафтари раёсати ҷумҳури Қирғизистон имрӯз бо нашри як баёнияи расмӣ сару садоҳо доир ба бемории ҷиддии раиси ҷумҳури ин кишварро рад карда ва онҳоро дорои ангезаҳои сиёсӣ номид. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки вазъи сиҳатии Қурмонбек Боқиев хуб аст ва ӯ охири ҳафта аз Олмон ба Қирғизистон бармегардад. Мудири дастгоҳи раёсати ҷумҳури Қирғизистон Мидет Содирқулов гуфтааст, ки вазъи сиҳатии раиси ҷумҳур олист ва ҳангоми бозгашти Қурмонбек Боқиев ба кишвар дар рӯзи 28 март, хабарнигорон метавонанд, бо ӯ дар фурудгоҳ сӯҳбат кунанд. Қурмонбек Боқиеви 58-сола аз авоили моҳи март дар Олмон қарор дошт.

XS
SM
MD
LG