Пайвандҳои дастрасӣ

Тақвияти равобити иқтисодӣ ва энержӣ, ҳамлу нақл, иртиботот ва густариши муносиботи фарҳангӣ миёни се кишвари форсизабон аз мавзуоти аслии мулоқоти вазирони хориҷаи Эрон ва Афғонистон бо Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ мешавад.

Манучеҳри Муттакӣ ҳамкориҳои Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистонро дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ низ муҳим хонда ва аз пуштибонии давлати Тоҷикистон барои узвияти Эрон ба созмони Шонгҳой сипосгузорӣ кард.

Манучеҳри Муттакӣ - вазири умури хориҷаи Эрон, ки тайи ду соат бо раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтугӯ кард, гуфт, дар рӯзномаи нишасти масъулини идороти сиёсати хориҷаи ин кишварҳо масоиле назири баҳрабардории муассир аз манобеи энержӣ, эҳдоси роҳи оҳан ва мошингард тавассути қаламрави ин се кишвар, содатар кардани шароити рафту омади шаҳрвандон ва дар заминаи фарҳангӣ роҳандозии барномаҳои муштараки телевизионӣ ворид карда шудааст.

Дар мулоқоти президент Раҳмон бо Рангин Додфар Сипанто -вазири умури хориҷаи Афғонистон, ки наздик ба якуним соат идома кард, низ, масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва сеҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Вазири хориҷаи Афғонистон дар посух ба ин суол, ки ҳамоиши се кишвари форсизабон аз сӯи давлатҳои абарқудрат ва соҳибнуфуз дар минтақа Амрико, Чин ва Русия чи гуна пазируфта хоҳад шуд, ин се кишварро ба унвони дӯстони Афғонистон зикр кард. Аммо ҳамзамон Амрикоро ба унвони шарики стратагии Афғонистон таъкид карда, аз Чин ба ҳайси як сармоягузори аслии кишвараш ном бурд, вале дар мавриди Русия назари хосе надод. Оқои Сипанто гуфт, ки маҳзи сармояи Чин роҳи мувосилотии се кишвари Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон ба ҳам пайваст хоҳад шуд.

Нишасти расмии масъулини идороти сиёсати хориҷаи Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон рӯзи 25 дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, ки интизор меравад, дар анҷоми он як тафоҳумнома ба имзо бирасад. Ҳамчунин қарор аст дар ин нишаст Шӯрои иқтисодии се кишвари форсизабони Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ташкил карда шавад.

XS
SM
MD
LG