Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Равобити печидаи форсизабонон


Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон, ки ҳадафҳои мухталифи сиёсиро дунбол мекунанд, метавонанд иттиҳодияи кишварҳои форсизабонро созмон диҳанд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳадаф аз дидору гуфтугӯҳои вузарои хориҷаи се кишвар – Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон – дар Душанбешаҳрро таҳкими равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни ин се кишвар хондаанд. Дар ҳоле ки, ба эътиқоди профессор Александр Пикаев, коршиноси Русия дар умури масоъили умдаи амниятӣ ҳадафҳои ин кишварҳо, аз як сӯ, дар сиёсати геополитикии минтақа дар ҳам тафовут дорад. Аз сӯи дигар, манфиъатҳои миллии Русия ва Амрико дар ин минтақа ба ҳам бархӯрд мекунад.
Ба қавли А. Пикаев, Тоҷикистон худро шарики стротежики Русия медонад ва мақомоти Афғонистон аз сӯи Амрико пуштибонӣ мешавад. Профессор меафзояд, Эрон, ки худро як кишвари қудрати минтақаӣ медонад, барои раҳоӣ аз инзиво ва таҳримҳои иқтисодии байнулмилалӣ талош мекунад бо кишварҳои Осиёи миёна равобиташро густариш бидиҳад. Аз ин лиҳоз Профессор Пикаев ташкили иттиҳодияи кишварҳои форсизабон, ки тавонад ҳадафҳои воҳид дар сиёсати геополитикиро дунбол кунад, баъид медонад. Ӯ, аз ҷумла, гуфт: «Мусаллам аст, ки Амрико аз афзоиши ҳузури Эрон дар ин минтақа норозист, аммо, аз сӯи дигар, Амрико эҳсос мекунад, ки ҳалли мушкили Афғонистон бидуни ҳамкориҳои ин се кишвари форсигӯй мушкил аст. Ба ин далел Амрико мухолиф нест, ки барномаҳои энержӣ ва эҳдоси роҳҳо дар ин минтақа, ки ба нафъи субот дар Афғонистон аст, аз ҷониби ин кишварҳо пмёда шавад».
А. Пикаев иҷрои ин барномаҳоро дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой мумкин хонд – дар сурате, ки Тоҷикистон узви ин созмон аст, ва Эрону Афғонистон ба унвони нозир дар ин созмон мулҳақ ҳастанд. Ва Эрон барои узвият дар ин созмон иқдом кардааст.
Аммо Тоҳири Шермуҳаммадӣ, таҳлилгари минтақа, ба далели тафовути аҳдофи сиёсии ин кишварҳо дар минтақа иҷрои ин барномаҳоро зери суъол мебарад: «То замоне,ки равобити Эрон бо кишварҳои Ғарб, ба хусус бо Амрико, шакли мусбат нагирад, иттиҳодияи кишварҳои форсизабон ғайримумкин хоҳад буд. Ва агар Тоҷикистон бихоҳад бо Эрон робитаи густурдае дошта бошад, бояд дар равобити худ бо Амрико ва Ғарб таҷдиди назар кунад. Оё ин таҷдиди назарҳо ба нафъи Тоҷикистон аст, ё на?»
Ба бовари Тоҳири Шермуҳаммадӣ, Тоҷикистон ҳамасола ба кумакҳои молии Амрико ва Ғарб ниёз дорад. Метавонад ба хотири равобити ҳасана бо Эрон аз ин кумакҳо маҳрум шавад?
Дар посух ба ин суъол метавон гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон аз чанд сол бад-ин сӯ ҳатто омода нестанд анҷумани хабарнигорони форсизабонро номнавис кунанд. Дар ҳоле, ки нахустин ҷаласаи ин анҷумани фарҳангӣ дар Душанбешаҳр баргузор шуда буд. Вазорати адлияи Тоҷикистон бо баҳонаҳои гуногун инак барои ҳаштумин бор аст, ки аз номнавис кардани ин анҷуман худдорӣ менамояд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон мақсади ташкили як шабакаи телевизионии муштаракро доранд ва ин масъала аз мавзӯъоти меҳварии дидору гуфтугӯҳои вузврои хориҷаи ин се кишвар дар Душанбе аст.
XS
SM
MD
LG