Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қиссаи хонаводаҳои мариз


Қиссаи як хонавода

Тақрибан се соли пеш устоди фанни меҳнати замони мактабиам марҳум Аловуддин Ибодовро дар шаҳри Душанбе вохӯрдам, ки пас аз сӯҳбати начандон тӯлонӣ хеле оромона, мисли як гапи муқаррарӣ, бо шӯхии дарднок ва бо як табассум гуфт: «Вақте ман мурдам ҳатман ба ҷанозаи ман биёед!» Ва тақрибан пас аз як моҳ ӯ фавтид. Фавтид ва аммо аз қабл хеле рӯшан медонист, ки то интиҳои умраш рӯзҳои ба шумор мондааст. Зеро медонист, ки марази сил оқибат ӯро мекушад.

Аммо марҳум Аловуддин Ибодов ягона қурбонии марази сил дар хонаводаи худ набуд. Дар солҳои навадуми қарни гузашта яке хоҳарони соҳиби оилаву фарзанда марҳум Аловуддин, ду сол қабл аз ӯ хоҳари қадрас ва як сол пас аз маргаш хоҳари кӯчаки 18 солааш аз маризии фавтид. Феълан низ падар, модар, бародари хурдӣ ва писари кӯчакаш низ гирифтори марази силанд ва рӯ ба раҳми Худованд гузоштаанд, аммо дигар мутмаин нестанд, ки аз ин мараз раҳо шаванд.

Заробиддин Ибодов, ягона бародари марҳум Аловуддин, ки низ гирифтори ҳамин мараз аст, аз мушкили зиёди хонавода ва ғами пайвандон рӯ ба Русия оварда, мардикорӣ мекунад. Оқои Ибодов дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои «Озодӣ» гуфт, ҳар талошу муборизаҳое барои наҷоти пайвандонаш аз марази сил кардааст, танҳо бо заҳмати худ ва бо сармоя аз буҷаи хонаводааш кардааст ва дар зимн меафзояд, аз мақомоти беҳдошти маҳаллӣ, марказӣ ва ҳам созмонҳои байналмилалӣ кӯмаке ба даст наовардааст.

Ин қисса аз рӯзгори як хонаводаи гирифори маризии сил мебошад, ки дар Тоҷикистон вазъи садҳо хонаводаи дигар шабеҳ ба қисмати ин хонавода аст.

Қиссаи як кишвар

Мақомоти мубориза бо марази сили Тоҷикистон ҳанӯз ҳам иддао доранд ва дар шароити феълии Тоҷикистон таъкид бар он мекунанд, ки ин мараз табобат мешавад.

Саъдулло Сайдалиев, раҳбари маркази мубориза бо маризии сили Тоҷикистон бо таъкид бар ин ҳарф ҳамзамон меафзояд, феълан, дар Тоҷикистон бештар аз 6000 нафар сироятшуда ба маризии сил аст ва мегӯяд, ва ба дунболи он ки минтақаҳои нави кишвар ба барномаи мубориза алайҳи сил фаро гирифта шудаанд, кашфи афроди гирифтор ба маризии низ сил рӯ ба афзоиш овардааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Тоҷикистон бо нигаронӣ ба ин вазъи мушкил барномаи дуввуми миллии мубориза бо силро ба тасвиб расондааст ва барномаи аввал барои солҳои 1996-2000-ро номуваффақ унвон кард. Аммо оқои Сайдалиев мӯътақид аст, ки барномаи дуввуми миллии мубориза бо сил барои солҳои 2003-2010 хеле пешрафтҳо доштааст, зеро мегӯяд ин барнома ҳам аз сӯи ҳукумати кишвар ва ҳам аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ пуштибонӣ ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, вазъи гирифторон ба сил дар зиндонҳои кишвар нигаронкунанда боқӣ монда ва бар тибқи маълумоти вазорати адлияи Тоҷикистон, дар соли гузаштаи 2007 тақрибан 1000 нафар зиндониён мубталои сил будаанд, ки теъдоди аслии онҳо дар гузашта ба ин маризӣ сироят шудаанд. Вале Саъдулло Сайдалиев, раҳбари маркази мубориза бо маризии сили Тоҷикистон мегӯяд, дар соли 2007 дар зиндонҳои кишвар маризии сил дар вуҷуди наздики 80 нафар маҳбус кашф шудааст.

Як мариз – хатар ба 20 солим?

Ин ҳам дар ҳолест, ки табибон мегӯянд, як нафар маризи сил ба ҳисоби миёна метавонад 20 нафарро сироят кунад. Ва меафзоянд густариши маризии сил дар миёни сокинони кишвар бо он иллат сурат мегирад, ки дар бархе маворид маризон гирифтории худ ба ин маразро пинҳон медоранд ва дар муқобили он хомӯш менишинанд, ҳамчунин бархе дигар бо иллати зиндонӣ будан ва ё қашшоқӣ имкони дурусти табобат аз маризии силро надоштаанд.

Ҳамроҳ бо доллар бар зидди сил!

Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2007 ҳаҷми маблағҳои мубориза ба маризии сил аз буҷаи давлатро дар қиёс ба соли 2004 се баробар афзудааст ва аммо дар ҷаласаи солонаи ҳукумат раисҷумҳур ҷараёни иҷрои барномаи мубориза бо маризии силро нокофӣ ва ғайри қаноатбахш унвон кардааст.

Ҳамчунин, ба гуфтаи Сантино Северонӣ, раҳбари намояндагии созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Душанбе ин созмон дар тӯли се соли ахир барои табобати маризони сил дар Тоҷикистон ба маблағи 350 ҳазор доллари амрикоӣ дармонҳо кӯмак кардааст. Ин ҳам боз дар ҳолест, ки лоиҳаи ҲОУП, яке аз тарҳҳои Оҷонси рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар чаҳорчуби барномаи миллии мубориза бо сил дар ташхису кашф ва табобаи маризии сил дар Тоҷикистон, зиёд саҳм мегирифтааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG