Пайвандҳои дастрасӣ

Машъали олимпӣ афрӯхта шуд


Машъали олимпии бозиҳои тобистона дар Пекин имрӯз дар шаҳри бостонии Олимпияи Юнон афрӯхта шуд ва сафари панҷмоҳаи худ дар атрофи ҷаҳонро оғоз кард. Машъали олимпӣ пеш аз расидан ба шаҳри Пекин, ки 8 август бозиҳои олимпӣ дар онҷо ифтитоҳ мешавад, 20 кишвари дунёро давр мезанад. Маросими афрӯхтани машъали олимпиро гурӯҳи аз тазоҳургарони тарафдори Тибет бо барафрохтани шиори давъат ба таҳрими бозиҳои олимпии Пекин, халалдор карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG