Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таъкиди Жак Роге бар дурустии қарори IOC


Ҳарчанд танқиди давлати Чин барои нақзи ҳуқуқи инсон авҷ мегирад, имрӯз президенти Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ IOC (International Olympic Committee) Жак Роге гуфт, интихоби шаҳри Пекин барои баргузории бозиҳои тобистонаи соли 2008- ум кори қарори дурусте буд.
Ба гуфтаи Жак Роге, бо вуҷуди саркӯбии хушунатомези тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Тибет, раҳбарони ҷаҳонӣ тарафдори таҳрим кардани бозиҳои олимпӣ дар Пекин нестанд. Имрӯз Машъали Олимпӣ дар шаҳри бостонии Олимпияи Юнон афрӯхта мешавад ва сипас саросари ҷаҳонро давр зада, то ба Пекин мерасад.

XS
SM
MD
LG