Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Харобкорӣ дар марзи Покистон


Дасти кам 25 мошини боркашеро, ки барои нерӯҳои НАТО дар Афғонистон сӯзишворӣ мебурданд, дар марзи Покистон нобуд кардаанд. Шаби якшанбе ҳангоми тафтиши санадҳои мошинҳо дар гузаргоҳи марзии Турҳам воқеъ дар шаҳри қабиланишини Ландӣ Кутали Покистон дар яке аз мошинҳо инфиҷор ба вуқӯъ пайваста ва ҳамингуна корвони мошинҳоро нобуд кардааст. Як мақоми расмии шаҳри Ландӣ Кутал ба хабаргузории Олмон гуфтааст, ки бар асари таркиш 60 мошин оташ гирифта ва чандин нафар низ маҷрӯҳ шудаанд. Инфиҷори бомбро сабаби ин ҳодиса медонанд.

XS
SM
MD
LG