Пайвандҳои дастрасӣ

Дидори Дик Чейнӣ бо Эҳуд Олмерт


Дик Чейнӣ - муовини раиси ҷумҳури Амрико имрӯз дар шаҳри Байтулмуқаддас бо Эҳуд Олмерт нахуствазири Исроил дидору гуфтӯгу кард. Вай ба хотири эҳёи ҷараёни сулҳ дар Ховари Миёна ба ин минтақа сафар кардааст. Дар мулоқоте, ки Дик Чейнӣ рӯзи якшанбе дар шаҳри Рамаллоҳ бо раҳбарони фаластиниён анҷом дод, раҳбарони фаластинӣ аз ӯ хостанд, то ба давлати Исроил фишор оварад, ки шаҳраксозӣ дар қаламравҳои фаластиниёнро бас кунад. Дик Чейнӣ дирӯз гуфт, созиши сулҳ миёни Исроилу Фаластиниён “гузаштҳои дардноке” мехоҳад ва афзуд, ки замони таъсиси кишвари мустақили фаластиниён даррасидааст, вале ҳамлаҳои мушакӣ ба зидди Исроил онро ақиб мекашад.
XS
SM
MD
LG