Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Саид Зубайдов, вазири пешини мухобироти Тоҷикистон, баъди ду рӯзи беморӣ дар синни 42-солагӣ вафот кард.

Саид Зубайдов барҳақ аз ҷумлаи маъдуди вазирони технократ ва муваффақи ҳукумати Тоҷикистон дониста мешуд.
Ислоҳоти низоми мухобирот ва рушди системаҳои телекомуникатсионии ҳайратовари кишвар зарфи 4 соли ахир ба номи ӯ марбут дониста мешавад. Тоҷикистон дар маҳдудаи шӯравии пешин аз нигоҳи рушди системаи мухобиротӣ ва дар ҷои аввал қарор гирифт.
Коршиносон ва муттахассисони соҳа дар ҷамъи худ ӯро бо эҳтиром «падари инқилоби мобилиТоҷикистон» ном мебурданд.
Вақте Саид Зубайдов ба курсии Вазорати мухобироти Тоҷикистон нишаст, ҳамагӣ 38 сол дошт ва, ба гуфтаи худаш, як низоми баҳамхӯрда ва боқимонда аз аҳди шӯравиро, ки ба бозсозии куллӣ ва ҷиддӣ ниёз дошт, таҳвил гирифт. Умри вазирии ӯ фурсати зиёде давом кард. Ӯ камобеш дувуним сол бар раёсати вазорат нишаст, аммо як ҳафтаи қабл аз рафтанаш эълон кард, ки барномаи худро иҷро карда, тааҳҳудот ва ваъдаҳои супурдааш дар заминаи ислоҳоти низоми мухобиротро амалӣ кардааст ва акнун омода аст, курсиии вазоратро барои шахсияте шоисттар холӣ кунад. Коршиносон мегӯянд, С. Зубайдов тибқи ваъдаи додаи худ дар муддати якуним сол тамоми исгоҳҳои мухобиротии аналоги фарсудаи шӯравиро ба дастгоҳҳои рақамии мусоир иваз кард. Ва заминаи муҳиме барои рақобати ширкатҳои мобилӣ ва рушди Интернет фароҳам намуд.
Зайдулло Сайдов, вазири пешини саноати Тоҷикистон, ки бо Зубайдов дар ҳайъати як ҳукумат фаъолият мекард, мегӯяд: «Воқеъан дар ёд дорем, ки аз манзил ба манзил телефон карда намешуд. Коре ки Сайиди Маҳмуд кард, воқеъан, инқилоб дар соҳаи мухобирот буд. Мо дӯст будем ва метавон гуфт, Тоҷикистон яке аз роҳбарони шоиста ва хубу коркуштаашро аз даст дод».
Дар воқеъ, Тоҷикистон танҳо кишвари пасошуравӣ буд, ки сад дарсад аз системаи мухоибротии анологӣ ба рақамӣ гузашт, вале ин тамоюл дар кишварҳои назири Русия то ба ҳанӯз ҳам ба сурати комил иҷро нашуда ва дар ҳоли иҷрост.
Вақте Саид Зубайдов ба курсии вазорати мухобирот нишаст, танҳо 2 ширкати мобилӣ фаъъол буд, ки феълан шумори чунин ширкатҳо ба 13 адад расида ва дар кишвари дорои 7 миллион нуфус, наздики се миллион истифодакунандаи хадамоти телефонии мобилӣ ба сар мебарад дорад.
Саид Зубайдов дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ ба мушкилоти фаровоне мувоҷеҳ буд ва дар охирин рӯзҳои вазириаш аз вуҷуди фасоди густарда дар сатҳи ҳукумат, ки монеъи иҷрои барномаҳои ислоҳот мешавад, сухан гуфт: «Ҳамаи онҳо манзур ширкатҳои мобилӣ қарордодҳои байнулмилалӣ надоранд, онҳо ҳаққи ироъаи хадамоти байнулмилалиро надоранд, молиёт намепардозанд, фаъолияти қочоқӣ мекунанд, зеро дар пушти сари онҳо пуштибонони қавие истодаанд. Онҳо ба пуштибонони худ дар ҳукумат, дар кумитаҳо ва дар ожонсиҳо ришва медиҳанд. Ин мушкили умдаи мо дар танзими бозори мухобирот аст».
Албатта, даврони фаъолияти Саид Зубайдов ба ҳайси вазири мухобирот чанд навбат аз сӯи ниҳодҳои марбута мавриди тафтиш қарор гирифт ва сару садое дар мавриди вуҷуди фасод дар даврони вазирии ӯ низ ба роҳ уфтода буд. Аммо тафтишот ӯро дар даст доштан дар фасоди идорӣ муттаҳам надонист. Агарчи ӯ камтар аз ҳар касе дар курсии вазорат нишаст, аммо бештар аз ҳар касе дигар рисолати худро ба ҷо овард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG