Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти вузарои хориҷаи кишварҳои форсизабон


Душанбе - ҷои баргузории мулоқоти вазирони хориҷаи кишварҳои форсизабон

Душанбе - ҷои баргузории мулоқоти вазирони хориҷаи кишварҳои форсизабон

Нишасти вузарои хориҷаи Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон – Ҳамроҳхон Зарифӣ, Манучеҳри Муттакӣ ва Рангин Додфар Сипанто – 24 март дар Душанбе баргузор мешавад.

Хабаргузории давлатии Эрон ИРНО навишт, ки Манучеҳри Муттакӣ ҳамакнун озими Душанбе шуда, як ҳайъати баландпояи иқтисодӣ ва сиёсии Эронро низ бо худ ба Тоҷикистон бурдааст. Ҷараёни иҷрои тааҳҳудоти бадастомада байни Эрону Тоҷикистон дар аснои сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон, ки дар таърихи 9-ум ва 10-уми феврали соли ҷорӣ сурат гирифта буд, ҳамчунин густариши равобити дуҷонибаи иқтисодиву тиҷоратии ду кишвар ва тарҳҳои муштараки энержиро ИРНО аз аҳдофи аслии боздиди оқои Муттакӣ аз Тоҷикистон ном бурдааст.
Он сафар дар рӯзҳое сурат гирифт, ки Тоҷикистон ба маҳзи сармои бесобиқаи зимистон ба як буҳрони ба таври бесобиқа шадиди энержӣ гирифтор шуда буд ва, ба ин далел, мавзӯъи аслии дидор ва гуфтугӯҳои ӯ бо ҳамтои эрониаш Маҳмуди Аҳмадинажод низ баррасии имконоти Эрон дар мавриди ироъаи ёриҳои оҷил ба Тоҷикистон ба манзури муқобила бо ин буҳрон буд.
Аз ҷумла, қарор шуда буд, ки Эрон аз воридоти нерӯи барқи Туркманистон ба нафъи Тоҷикистон даст мекашад ва ба дунболи ин, мизони интиқоли нерӯи барқ аз Туркманистон ба Тоҷикистон аз севуним миллион киловатт/соат ибтидо ба 6 миллион ва дар ниҳоят ба 7 миллион киловатт/соат хоҳад расид, ки заминаи аз байн бурдани лимити нерӯи барқ сароғоз дар пойтахт, шаҳри Душанбе ва баъдан коҳиши ин лимит дар бархе манотиқи дигари Тоҷикистонро фароҳам сохт.
Тааҳҳуди дигар ҷиҳати сохтмони як нерӯгоҳи нисбат ба «Сангтӯдаи 2» бузургтаре дар Шӯроб буд, ки маблағгузории онро низ ҷониби Эрон бар уҳда гирифтааст, вале тарҳи мазкур, ки ҳазинааш аз чандсад миллион то ҳудуди 1 миллиард доллар рақам зада мешавад, ҳанӯз комил ва мушаххас нашудааст. Ва ба эҳтимоли ғолиб, ҳайъати Эрон ба раҳбарии Манучеҳри Муттакӣ дар Душанбе ҷузъиёти тарҳи эҳдоси ин нерӯгоҳро низ баррасӣ хоҳанд кард.
Қарор аст, вузарои хориҷаи Эрону Афғонистон дар ҷараёни ин дидор аз Душанбе ҳамчунин бо раисиҷумҳур ва раиси порлумони Тоҷикистон низ мулоқот кунанд. Аммо тамаркузи аслӣ имрӯз, албатта, рӯи нишасти сегонаи раҳбарони идораҳои сиёсати хориҷии 3 кишвари форсизабон – Тоҷикистону Эрону Афғонистон –аст.
Эҳдоси роҳи муштараки мошингард ва роҳи оҳане, ки Тоҷикистонро тавассути ғарби Афғонистон ва бо як фосилаи нисбат ба роҳҳои мавҷудаи иртиботӣ хеле кӯтоҳтар бо Эрон бипайвандад, ва таъсиси як телевизиони муштараки форсизабон, ки Душанбе аз он гарм истиқбол гирифту Кобул хомӯширо ихтиёр кард, чунин буд пешниҳодоти умдае, ки дар моҳи июли соли 2006 дар Душанбе дар нахустин нишасти раҳбарони аввали Тоҷикистон ва Эрону Афғонистон садо дод.
Аммо, бо вуҷуди истиқболҳои гарми маҳфилҳо аз натоиҷи он нишасти Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажоду Ҳомиди Карзай, натиҷа, ба масал, ҳамон шуд, ки “нишастанду гуфтанду бархостанд”. Ва то кунун ба манзури иҷроӣ кардани ин тарҳҳои бузург иқдомоти ҷиддие гирифта нашудааст.
Гуфта мешавад, дар ҳошияи нишасти сарони Конфронси кишварҳои исломӣ дар Дакар, пойтахти Сенегал, оқои Раҳмон бо ҳамтоёни афғонистониву эрониаш мулоқотҳои алоҳида доштааст, ва дар ҳамон ҷо қарор шуда, ки дубора рӯи ҷараёни иҷрои тааҳҳудоти нишасти ду сол пеши Душанбе баргарданд.
Таҳлилгарон мегӯянд, ки воқеъӣ шудани тарҳи ҳамоиши ин се кишвар дастикам дар соҳоти иқтисодиву тиҷорӣ ба нафъи ҳамаи онҳо мебуд ва дар ин меҳвар Эрон метавонист нақши сармоягузори тарҳҳои муштарак ва дарвозаи ду кишвари дигар ба халиҷи Форсро бозӣ кунад. Коршиносон, ҳамин тавр, барои Афғонистон нақши кишвари убурӣ ва як пули робита байни Эрону Тоҷикистонро қоил шуда, мегӯянд, Тоҷикистон низ ба сари худ метавонист барои он дуи дигар як дарвозаи муҳимме ба сӯи бозорҳои Осиёи Марказиву Русия ва Чин шавад.
Ва аммо умдатарин мушкиле, ки дар роҳи иҷроӣ шудани ин тарҳи ҳанӯз рӯи коғази иттиҳоди Тоҷикистону Эрону Афғонистон истодааст, ба назари Тоҳири Шермуҳаммадӣ, таҳлилгари умури Осиёи Марказӣ, мушкилоти сиёсии онҳост. Ва ҳам инки Душанбеву Кобул ба қутбҳои мухталифи сиёсӣ нигоҳ мекунанд, дар ҳоле ки тарҳи мазкур барои Теҳрон як талоши дигар ба манзури раҳоӣ аз инзивоъи байнулмилалист.
Суҳбати мо бо Тоҳири Шермуҳаммадиро метавонед бо пахши рамзи радио бишунавед.
XS
SM
MD
LG