Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талафоти ҷонии Амрико дар Ироқ ба 4000 расид


Мақомҳои низомии Амрико мегӯянд, тарки бамби рӯироҳ дар Бағдод мунҷар ба ҳалокати 4 сарбози амрикоӣ шудааст.

Бар асоси гузориши хабаргузории Ассошиэйтед Пресс, шумори сарбозони дар Ироқ кушташудаи Амрико акнун ба дасти кам 4 000 нафар расид.

Хабари охирин талафоти нирӯҳои Амрико дар Ироқ дар ҳоле нашр шуд, ки дирӯз он кишвар яке аз рӯзҳои пур аз хушунат ва маргборро пушти сар кард. Дирӯз дар Ироқ дасти кам 50 нафар кушта шуданд. Танҳо як ҳамлаи маргталабона ба пойгоҳи артиши Ироқ дар Мувсил 13 сарбози ироқиро кушта ва даҳҳои дигарро захмӣ бар ҷой гузошт.

XS
SM
MD
LG