Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Саид Зубайдов


Саид Зубайдов, вазири пешини мухобироти Тоҷикистон, ки аз ҷумлаи маъдуд вазирони технократ ва муваффақи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дониста мешуд, рӯзи шанбе, 22 март,баъди ҳамагӣ ду рузи беморӣ даргузашт. Саид Зубайдов ҳамагӣ 42 сол дошт ва дувуним сол дар симати вазирӣ ифои вазифа карда буд.

Маҳз дар давраи вазирии Зубайдов шабакаҳои телефонии Тоҷикистон ба низоми рақамӣ гузашта, бозори телефонҳои мобайли кишвар ба рушди ҳайратангезе даст ёфт. Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон, ки наздики 7 миллион ҷамъият дорад, тақрибан 3 миллион истифодакунандаи шумурдашудаи телефони мобайл ба ар мебарад ва ин василаи гуфтугӯ акнун ба як ҷузъи оддии зиндагонии тақрибан ҳама хонаводаҳои тоҷик табдил ёфтааст. Рушди бозори телефонҳои мобайли Тоҷикистон, ки як инқилоб ва аз муваффақиятҳои Зубайдов дар курсии вазорат унвон шуда, ӯро ҳатто падари ин инқилоб ном мебаранд.

XS
SM
MD
LG