Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боқиев чаро аз Олмон барнамегардад?


Мақомоти Қирғизистон сару садоҳо дар бораи маризии ҷиддии раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиевро радд карданд.

Мақомот боисрор мегӯянд, ки вазъи саломати Боқиев хуб буда, ӯ ҳамин ҳафта аз Олмон бармегардад.

Раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон Мидет Содирқулов вазъи сиҳҳати Боқиевро “олӣ” тавсиф карда гуфт, хабарнигорон дар рӯзи бозгашти президент аз Олмон, яъне рӯзи 28 март, ба фурудгоҳи Бишкек даъват шуда, имкони сӯҳбат бо худи ӯро пайдо хоҳанд кард. Қурмонбек Боқиеви 58-сола аз авоили моҳи март дар Олмон ба сар мебарад.

XS
SM
MD
LG