Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиш дар марзи Афғонистон 25 мошинро тахриб кард


Инфиҷори шаби гузашта дар як гузаргоҳи марзӣ дар сарҳади байни Афғонистону Покистон дасти кам 25 мошини сӯхткашро тахриб кардааст. Ин мошинҳо, ки аксаран барои нирӯҳои байналмилалии таҳти фармони паймони низомии НАТО дар Афғонистон маводи сӯхт мекашониданд, мунтазири иҷозаи вуруд ба қаламрави Афғонистон будаанд.

Мақомот мегӯянд, таркиш дар маҳалли исти мошинҳо дар гузаргоҳи Торхам, дар наздикии шаҳри қабиланишини Ландӣ Кӯтал, иттифоқ уфтодааст. Хабаргузории олмонии Ди Пи Эй аз қавли як мақоми маҳаллӣ шумори мошинҳои даргирифтаро беш аз 60 баровард мекунад. Теъдоди ҳанӯз мушаххасношудаи мардум дар асари ин таркиш ҷароҳат бардоштаанд.

Гумон меравад, ки дар Торхам бамб таркидааст.

XS
SM
MD
LG