Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

36 % даромади Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷирин аст


Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши худ овардааст, ки муҳоҷирини кории ҷаҳон дар давоми соли 2007 ба кишварҳояшон 318 млрд доллари амрикоӣ интиқол додаанд. Аз ин маблағ 240 миллиард доллар ба кишварҳои рӯ ба рушд интиқол ёфтаанд.

Даргузориш ин нукта низ ёдоварӣ шудааст, арқоми эълоншуда танҳо арқоми расмист ва ин рақам метавонад бештар аз он бошад. Бино бар ин гузориш, маблағи интиқолдодаи муҳоҷирини кории тоҷик аз хориҷ ба Тоҷикистон 36 дарсади даромади нохолиси миллии кишварро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG