Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи Мушарраф аз демократия дар Покистон


Раисиҷумҳури Покистон Парвиз Мушарраф дар пайи муаррифӣ шудани номзади эътилофи мухолифинаш ба мақоми сарвазирӣ гуфт, дар кишвараш даврони нави демократия оғоз ёфтааст. Мушарраф афзуд, ки ӯ Покистонро дар масири рушду пешрафт гузоштааст.

Рӯзи шанбе ҳизби мардумии марҳум Беназир Бҳутто ба намояндагӣ аз эътилофи аҳзоби мухолифи Парвиз Мушарраф раиси пешини парлумон Юсуф Разо Гелониро ба симати сарвазирии Покистон пешбарӣ кард. Мухолифин дар интихоботи парлумонии моҳи феврал бар тарафдорони президент Мушарраф баранда шуда, аксари курсиҳои Маҷлиси Миллии Покистонро ба даст оварданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG