Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи Рум хостори сулҳи сартосарӣ шуд


Дар рузи Якшанбеи Пок ё Иди Поки масеҳиён поп Бенидикти 16 зимни паёми худ даъват кард, ки барои таъмини сулҳи сартосарӣ, ба вижа сулҳ дар Таббат, Ироқ ва Дарфур роҳи ҳале пайдо шавад. Вай дар паёми худ аз беъадолатӣ, инсонбадбинӣ ва хушунат интиқод кард ва гуфт, чунин падидҳо инсониятро дар азоб мегузоранд. Бенидикти 16-Попи Рум, ки моҳи оянда 81 сола мешавад, дар Вотикон дар майдони Питери Муқаддас дар робита бо Иди Пок ба масеҳиён паём фиристод.
XS
SM
MD
LG