Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Чин Далай Ламаро муттаҳам карданд


Мақомоти Чин Далай Лама-раҳбари табъидии Таббатро барои созмон додани аъмоли террористӣ муттаҳам кардаанд ва гуфтаанд, вай талош доштааст баргузории бозиҳои олимпии Пекинро зери суол барад ва раҳбарони кумунистии Таббатро сарнагун созад. "Рузномаи мардумӣ"-нашрияи ҳизби ҳокими Кумунисти Чин дар шумораи рузи якшанбеи худ навиштааст, Далай Лама аз рузе, ки дар соли 1959 Чинро тарк кардааст, барои як руз аз хушунат даст накашидааст. Ин иттиҳомот дар ҳоле садо медиҳад, ки тақрибан ду ҳафта пеш дар Лосо -пойтахти Таббат тазоҳуроти эътирозӣ баргузор шуд. Далай Лама барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 1989 аст.
XS
SM
MD
LG