Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

П. Мушарраф: "Дар Покистон демократия оғоз шуд"


Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳурии Покистон, гуфтааст, дар кишвараш "давраи демократия" оғоз шудааст. Ин дар ҳолест, ки мухолифони вай як рӯзи пеш номзади худро ба мақоми нахуствазирии Покистон муъаррифӣ карданд. Ду ҳизби аслии мухолифи Парвиз Мушарраф кобинаи эътилофӣ ташкил хоҳанд кард. Мушарраф мегуяд, вай кишварро вориди роҳи рушду пешрафт кардааст. Рӯзи шанбе ҳизби марҳум Беназир Бҳутто Юсеф Разо Гилонӣ - собиқ раиси порлумони Покистонро ба мақоми нахуствазирии ин кишвар номзад пешбарӣ кард.

XS
SM
MD
LG