Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбонии навбатии нажодпарастони рус дар Маскав


Хабаргузории Интерфакс ва радиои "Эхо Москви" аз қавли сарраёсати пулиси Маскав хабар додаанд, ки шоми рӯзи ҷумъа дар шимоли ин шаҳр зане ваҳшиёна ба қатл расонда шудааст. Ин зан аз даҳ захми корд ба ҳалокат расидааст ва кормандони пулис, ки ҷасади ин занро пайдо кардаанд, гуфтаанд, мумкин аст ин зан шаҳрванди Тоҷикистон бошад ва куштор ҳам ангезаи миллӣ доштааст. Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари Маскав моҳҳои ахир афзоиши кушторҳоро бино ба ангезаҳои миллӣ таъкид мекунанд. Аз ҷумла маркази таҳлилии СОВА мегуяд, дар ду моҳ аввали соли ҷорӣ 34 нафар бад-ин тариқ кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG