Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи интихоботи порлумонии Гурҷистон маълум шуд


Интихоботи порлумонии Гурҷистон рӯзи 21 май баргузор мешавад. Имрӯз Михаил Саакашвилӣ, раиси ҷумҳури Гурҷистон дар ин бора амр содир кард. Ба иттилоъи дафтари матбуоти раиси ҷумҳурии Гурҷистон, рӯзи баргузории интихоботи порлумонӣ баъди машварат бо раҳбарони аҳзоби мухолиф таъин шудааст.

Дар раӣъпурсии рӯзи 5 январ мардуми Гурҷистон аз баргузории ин маъракаи сиёсӣ дар баҳори имсол пуштибонӣ карданд. Мақомот мехостанд, ки интихобот тирамоҳ доир шавад. Баргузории интихоботи қабл аз вақти порлумонӣ яке аз талабҳои аслиии аҳзоби мухолифи Гурҷистон дар намоишҳои эътирозии тирамоҳи соли гузашта буд, ки аз сӯи ҳукумат саркӯб гардид.

XS
SM
MD
LG