Пайвандҳои дастрасӣ

Ибтикори нави Саркозӣ


Николя Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса имрӯз гуфт, ки кишвараш теъдоди мушакҳои ҳастаиро то 300 адад коҳиш медиҳад. Ин изҳорот дар шаҳри Шербур, дар маросими муаррифии тарҳи насли нави киштии зериобии ҳастаӣ садо дод. Саркозӣ аз кишварҳои ба созиши манъи силоҳи ҳастаӣ ҳамроҳ нашуда хост, ки дар имзои ин созиш истихора накунанд. Ӯ ҳамчунин пешниҳод кард, ки музокироти байнулмилалӣ дар бораи манъи мушакҳои “замин -замин” шурӯъ шавад.

XS
SM
MD
LG