Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чейнӣ вориди Арабистони Саудӣ шуд


Дик Чейнӣ, ноиби раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида барои музокирот бо шоҳ Абдулло вориди Арабистони Саудӣ шуд. Интизор меравад, ки дар ин дидору гуфтугӯ мавзӯъи нақши Арабистони Саудӣ дар эътидоли вазъ дар Ироқу Афғонистон баррасӣ шавад.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи вазъ дар бозори нафт ҳам гуфтугӯ хоҳад кард. Иёлоти Муттаҳида мехоҳад Арабистони Саудӣ ва дигар давлатҳои узви ОПЕК – Созмони кишварҳои содиркунандагони нафтро барои афзоиши тавлиди нафт ва ба ин васила коҳиш додани қимати он мутмаин созад. Ва аммо ОПЕК ин пешниҳодро нодида гирифтааст.

XS
SM
MD
LG