Пайвандҳои дастрасӣ

Сарвари Туркманистон ба нишасти НАТО меравад


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии Туркманистон дар нишасти навбатии сарони кишварҳои узви Паймони НАТО дар шаҳри Бухарест ширкат хоҳад кард. Дар ин бора расонаҳои хабарии Туркманистон иттилоъ доданд. Нишасти НАТО моҳи оянда баргузор хоҳад шуд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов моҳҳои ахир дарҳои Туркманистонро ҳарчӣ бештар ба рӯи ҷомеъаи ҷаҳонӣ боз мекунад ва ҳамзамон бо қаробати наздик бо Русия барои барқарор кардани равобит бо кишварҳои Ғарб талош меварзад. Туркманистон гази худро асосан ба Русия мефурӯшад. Ғарб мехоҳад Ашқободро ба зарурати пайвастан ба дигар тарҳҳои содироти газ ва интиқоли газ аз тариқи лулаҳое, ки аз канори Русия мегузаранд, мутмаин созад.

XS
SM
MD
LG