Пайвандҳои дастрасӣ

Дидгоҳи Чейни ва Карзай дар бораи нақши НАТО


Ноиби раисиҷумҳури Амрико Дик Чейни ва раҳбари Афғонистон Ҳомиди Карзай аз паймони низомии НАТО даъват карданд, талошҳо ҷиҳати таъмини амният ва бозсозии Афғонистонро афзоиш бидиҳад. Дик Чейни, ки дар идомаи сафари даҳрӯзааш ба Ховари Миёна, дирӯз бо як сафари эълонношуда вориди Кобул шуд, гуфт, Вошингтон мехоҳад кишварҳои дигари узви паймони НАТО дар Афғонистон нақши бузургтар бозӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG