Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон 14 табибро ба додгоҳ хоҳанд кашид


Додситонии Қирғизистон мегӯяд, 14 табиби қирғиз бо иттиҳоми ба Эйч Ай Ви, ангезандаи бемории қаттоли ЭЙДЗ мубтало кардани атфол ба додгоҳ кашида хоҳанд шуд.

Сирояти ин вирус ба 41 кӯдак ва 8 нафари калонсол дар вилояти Ӯш кишварро таккон дода, боиси бурузи нигарониҳо дар бораи вазъи бемористонҳо ва дараҷаи тахассуси табибон шудааст. Феълан ҷамъи мубталоён ба Эйч ай Ви дар Қирғизистон ҳудуди 1500 нафар баровард шудааст, ки назар ба 6 соли пеш 15 маротиба бештар будааст.

XS
SM
MD
LG