Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистон ба ҳолати оддӣ бармегардад


Нимашаби имрӯз 20 март мӯҳлати вазъи изтирорӣ дар Арманистон, ки 20 рӯз боз идома дошт, ба поён мерасад. Роберт Кочариён - раиси ҷумҳури Арманистон, имрӯз гуфт, ки аз рӯзи ҷумъа вазъи изтирорӣ лағв хоҳад шуд, вале мақомот ҳеҷ гуна талош барои раҳпаймоиҳои беиҷозаро таҳаммул нахоҳанд кард. Баъди онки тазоҳуроти тарафдорони мухолифон дар Ереван ба бархурд бо кормандони пулис печид ва сабаби марги ҳашт нафар шуд, ҳукумати Арманистон якуми март дар ин кишвар вазъи изтирорӣ эълом кард. Тарафдорони мухолифон дар Арманистон ба нишони эътироз аз натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳур эътироз мекарданд, ки дар он нахуствазир Серж Саркиссиён пирӯз шуд.

XS
SM
MD
LG