Пайвандҳои дастрасӣ

Баёнияи тозаи Ҷорҷ Буш доир ба Эрон


Раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш зимни мусоҳиба бо Радиои Фардо гуфт, ки Эрон ҳақ дорад, то соҳиби нерӯгоҳҳои барқи атомӣ бошад, вале барои ин зарур нест то Эрон ғанисозии ураниумро ёд бигирад. Эрон мегӯяд, ураниумро танҳо ба хотири таҳияи сӯхти ҳастаӣ барои нерӯгоҳҳои барқи атомӣ ғанисозӣ мекунад, вале Амрико ва муттафиқони ғарбиаш нигаронанд, ки Эрон мехоҳад пинҳонӣ силоҳи атомӣ бисозад. Ҷорҷ Буш гуфт, пешниҳоди Русия ҷиҳати ғанисозии ураниум барои Эрон дар кишвари саввум як роҳи ҳалли бӯҳрони ҳастаии Эрон буда метавонад.

XS
SM
MD
LG