Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи 20 - уми март Эмомалӣ Раҳмон аз бинои нотамоми мактабе, ки дар шаҳри Чкалов бояд ба литсеи президентӣ табдил биёбад ва аз мавзеъи бунёди боғи миллӣ дар канори Хуҷанд дидан кард, инчунин бо гузоштани хишти аввал ба бунёди се бинои бисёртабақаи истиқоматӣ дар маркази Суғд оғоз ниҳод.

Раҳмон ин навбат ба Суғд ҳамроҳи ҳамсараш омад ва инчунин дар рузҳои ҷашни наврузӣ иттифоқ афтодан ба ин сафари вай ранги ғайрирасмӣ ва тобиши иштирок дар маросимҳои ҷашни наврузи медиҳад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар маросими шурӯъи бозсохти мактаби президентӣ дар шаҳри Чкалов аз вазъи ногувори мактабу маориф дар Суғд ёдоварӣ кард ва афзуд, ки дар ҳоли ҳозир, дар минтақаи шимолии Тоҷикистон 450 мактаби миёнаи ин минтақа ниёз ба таъмири куллӣ дорад, теъдоде аз маҳалҳо аслан мактаб надоранд ва мактабиён дар вагонҳову хонаҳои одамон дарс мехонанд. Бунёди мактаби мазкури шаҳри Чкалов дар охирҳои солҳои ҳаштодуми асри гузашта оғоз ёфта, аммо нотамом ва нимасохт боқӣ мондааст.

Аммо сохтмони се бинои бисёрошёна дар канори Хуҷанд, 38 ҳуҷраи дар 20 соли ахир дуюмин иқдоми ҳукумат дар самти таъмини манзил мебошад. Се сол қабл ҳукумати Суғд ба тариқи озмоиш ба сохтани як бинои оддии чаҳорошёна сар кард, аммо сохтмони он дар маҳаллаи 19 - уми Хуҷанд нотамом боқӣ мондааст. Ин дар ҳолест, ки танҳо дар Хуҷанд аз руи маълумоти шуъбаи манзил, тақрибан 3 ҳазор оила, умдатан ҷавон манзили хусусӣ надоранд.

Ин омадани оқои Раҳмонро аз сафари қаблиаш ба Суғд дар тирамоҳи соли гузаштаи 2007 фосилаи тақрибан чаҳор моҳ ҷудо мекунад. Аммо фосилаи басо сангини бебарқиву сардӣ. Дар моҳи январ ва феврали соли равон ба сабаби камбуди шадиди барқ ва газ ҳама корхонаҳои хурду миёнаи хусусии Суғд тақрибан пурра ва ҳудуди ҳафтод дар сади корхонаҳои бузурги саноатӣ низ бо тақрибан ними иқтидори худ кор мекарданд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG