Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи ноҳияи Спитамен рузи 20 – уми март Равшан Қосимов - рузноманигори мустақили Суғдро ба муддати 6 моҳ шартан аз озодӣ маҳрум ва ба маблағи наздики 5 ҳазор сомонӣ, тақрибан якуним ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима баст. Ҳамчунин додгоҳ бо ҳукми худ дар муддати як сол аз қаламрави Тоҷикистон берун рафтани ӯро манъ кард.

Саодат Атоева – додраси додгоҳи Спитамен гуфт, Р. Қосимов ба расонидани зарари молӣ бо роҳи фиреб ва суиистифода аз боварии афрод гунаҳкор дониста шуд. Даъвогар алайҳи рузноманигор идораи гази ноҳияи Спитамен мебошад, ки ӯро ба васли хати нав ва гузоштани асбоби иловагии газ бидуни ҳисобкунак муттаҳам мекард.

Аммо маҳкумшуда баъди эьлони ҳукм дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бо ҳукми додгоҳ розӣ нест. Зеро, ба қавли ӯ, дар ҳоле ки гази табиӣ ба хонаҳои одамон тақрибан интиқол намешавад, даъвои идораи газ ғайримантиқӣ ба назар мерасад. Р. Қосимов баъд аз анҷоми мурофиа аризаи кассатсионӣ навишта, бозбинии парвандаашро тақозо кард.

XS
SM
MD
LG