Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омад баҳори хуррам бо рангу бӯи тиб, Бо сад ҳазор зинату ороиши аҷиб. Шояд, ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон – Гетӣ бадил ёфт шабоб аз пайи машиб...

Сомиъони гиромӣ, ба Наврӯзияи маҷаллаи «Фарҳанг ва андеша»-и родиюи «Озодӣ» хуш омадед. Дар ин шумораи маҷаллаи родиюӣ мо ним соати дигар шуморо бо аркони Наврӯз, шӯру шукӯҳӯ шаҳомати Наврӯзи Ориёно, вежагии Наврӯзи тоҷикон ва таъсири он ба фарҳанги ҳамсояҳо ва махсусияти наврӯзияи миллатҳои ҳамҷаворамон ошно хоҳам кард.
Дар ин соати саъд ҳамкоронам Насибҷон Амонӣ аз Алматӣ, Расули Шодон аз Маскав ва Мирасрори Фарғонӣ аз Бишкеки Қирғизистон мизбони меҳмонсарои маҷаллаи наврӯзӣ ҳастанд ва мову шуморо бо вежагиҳои Наврӯзи Дилафрӯз дар ин кишварҳо ошно мекунанд.
Ва аммо муқаддамтари аз ин гузоришот назаре меафганем ба Наврӯзи тоҷикон.
Дар Тоҷикистон Наврӯз вежагии махсус дорад. Дар нахуст – гули Наврӯз. Гули Наврӯз, ки имсол воқиъан ҳам дар шабу рӯзи наврӯзӣ бишкуфтааст, чанд навъ аст? Чи вежагӣ дорад? Кай мебишкуфад ва усулан дар баҳори Тоҷикистон дашту кӯҳу даманро кадом навъи гул оро медиҳад ва феҳристи гулҳои табиъии кишвар, ки рамзи Наврӯзанд ба куҷоҳо мекашад?
Барои ошноӣ бо ин мавзӯъ суҳбате доштем бо Тило Бобоев, табиъатшиноси номовари тоҷик, раиси боғи набототи водии Кӯлоб. Ва нахустин суъоли мо низ аз устод ҳамин буд, ки гули Наврӯз бар чанд навъ аст? Посухи ӯро метавонед аз ин барнома бишнавед.
Лозим ба тазаккур аст, ки фарҳанги Наврӯз бар фарҳанги ғизо афзудааст. Пирсолон таъкид мекунанд, ки пас аз фарорасии Наврӯз то як ҳафтаи дигар бояд ғизои гулу гиёҳ истеъмол кард. Табибон ҳам бар инанд, ки истеъмоли гиёҳ ва ғизои аз гулу раёҳин, пӯдинаву гашнизу сияҳалаф ва чукриву торону рошак таҳияшуда як навъ парҳез аст аз хӯроквории серравғану гӯштӣ, ки онро дар зимистони сард истемъол мекардаанд. Табибон меафзоянд, бесабаб нест, ки фарҳанги мардумӣ рӯ ба ҳамин ғизои баҳорӣ меорад, зеро аксарияти кулли амрози дарунӣ маҳз ба ғизои серравған бастагӣ дорад.
Имрӯз моро низ имокнияте даст дода, ки меҳмони ошхонаи Наврӯзӣ бошем, ки ағлаби таъомҳои он аз гулу гиёҳ таҳия мешавад.
Ва аммо фарҳанги ғизо фарҳанги Наврӯз нест! Зеро, ба иттилоъи Зафар Мирзоев, бостоншинос, фарҳанги Ориёно ҳароина бештар ба рӯҳ такя доштааст, то бар ҷисм. Ба ҳамин тартиб, Наврӯз, ки як ҷашнвораи устурлобӣ ё астрономист, ба тазаккури пажӯҳишгари тоҷик Рустами Ваҳҳобниё, чанд вежагие дорад, бо шумули таҷлил аз баробарии рӯзу шаб. Дар ин соат Моҳу Хуршед бар як тир меоянд ва баробар мешаванд. 12 соат – шаб ва 12 соати дигар – рӯз. Ва ориёиён, ҳанӯз қабл аз Зардушт, аз Наврӯз ҷашн мегирифтанд. Зеро ин ид то Ҷамшед зуҳур кардаву дар даврони ахирӣ ба расмият даромад, вале зуҳури Зардушт ба даврони Гуштосп аст, яъне чанд ҳазор сол ба баъд. Рӯзӣ Аҳмадов мардумшинос мегӯяд:
Хеле шигифтангез аст, ки то ҳанӯз дар бархе аз вилоёти кишвар таҷлили Наврӯз намое аз бисёрхудоӣ дорад. Наврӯзро дар маҳдҳои фарҳанги форсӣ Бухорову Балху Самарқанд низ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд. Рӯзӣ Аҳмадов, мардумшиноси тоҷик, мегӯяд, як вежагии Наврӯзия дар ин марзу бум ҳамин аст, ки бочечак ё гули сияҳгӯшро чун рамзи Баҳор сари чӯбдаста гирифтаву ба ӯ мадҳу сано мефиристанд ва аз ӯ талаби орзуву ниёзмандӣ мекунанд. Аз сӯи дигар, дар ин шабу рӯз теъдоди издивоҷ низ бармеафзояд. Яъне Наврӯз рӯзи васл аст ва соъати издивоҷ....
Аз ҷониби дигар Наврӯз рукне дигар ҳам дорад, ки аёдати маризон ва ёде аз гузаштагон аст. Маҷаллаи мо ҳам тасими гирифт аз нафаре ёд биорварад ва бо гузорише хотири рӯҳи нафареро шод бикунад, ки як сол муқаддам – 21-уми марти соли 2007 – дуруст дар Наврӯз моро падруд гуфтаву ба олами улвӣ пайваста буд. Имомназари Холназар, бешак, агар зинда будӣ, бо латоифи намакине дар ин рӯз низ хотири шунавандаи моро шод мекард. Мо тасими гирифтем, аз бойгонии инфиродии ҳамкорамон Назруллоҳи Латиф, ки дӯсти оқои Холназар буданд, порае чанд аз латоифи намакини шодраворо пешкаши шумо, шунавандаи гиромӣ, карда бошем...
Воқиъан ҳам, дар ин шабу рӯз, ки на танҳо табиъат рӯ ба назофату нафосат овардааст, ки ҳама шеъру таронахон шудаанд. Пас, биёед, бо ҳам муруре кунем ба олами сиёсат, то бубинем, ки аз чеҳраҳои шинохташуда ва сиёсатмдорони муоъсири порсигӯ кӣ аз шеър кор мегирад?
Саййид Абдуллоҳи Нурӣ, ки солест бо мо нест ва аммо барои миллате як сулҳи комил аз худ ба ёдгор гузоштааст. Ин пораро устод Нурӣ як ҳафта муқаддам аз реҳлаташ иншо ва қироат кардааст. Ва рӯ биорем ба чеҳраҳои сиёсӣ... Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури Эрон, ки ҳини ифтитоҳи нақби Анзоб шеър мегуфт. Ва ҳам ба шодравони малакутӣ Аҳмадшоҳ Масъуди шаҳид ва дигарон...
Наврӯзи Ориёно, ки аз қадимтарин ҷашнвораи Соли Нав дар таърихи башар маҳсуб меравад ва бар тибқи иттлоъи пажӯҳандагон, таърихи беш аз 6000-сола дорад, то зуҳури Ислом хеле домангустарда буд. Ва аммо пас аз ба ислом гаравидани Эронзамин ин ҷашнвора натанҳо аз миён нарафт, балки ҳатто домани хеш фарохтар намуд.
Ва ҳамакнун аз Наврӯзи бузург дар кишварҳои ҳамҷавор низ ҷашн мегиранд. Рӯзӣ Аҳмадов, мардумшинос мегӯяд, қобили ифтихор аст, ки оини Наврӯз бар дигар ақвом низ таъсири нек кардааст.
Ва ба дунболаи гуфтаҳои устод Рӯзӣ Аҳмад рӯ меорем ба Наврӯзи Қаззоқистон ва вежагии он, ки ҳамкорамон Насибҷон Амонӣ аз он гузориши шунидание таҳийя намудааст. Сипас ҳамроҳи ҳамкори дигарамон Мирасрори Фарғонӣ меравем ба наврӯзгоҳҳои Қирғизистон, ки дар ин кишвар низ ба Наврӯз арҷи арзандае гузошта, ҳатто онро иди миллии худ меҳисобанд.
Ва аммо таърихи Наврӯзи ориёӣ дар Русия тӯлонӣ нест ва ҳудудан 10 сол дорад, зеро муҳоҷирини мусалмонтабори осиёи марказӣ ахиран ин Иди муборакро аз Маскаву Санкт Петербург то бар Аврупо кашидаанд... Ва Расули Шодон, яке аз шамкорони маскавиамон, дар фарҷоми маҷалла моро дар ин сайр раҳнамунӣ мекунад.
Ва ин ҳам - ҳадияи наврӯзии мо ба Шумо
XS
SM
MD
LG