Пайвандҳои дастрасӣ

Аз ҷанги Ироқ панҷ сол пур шуд


Муноқиша дар Ироқ ба соли шашуми худ ворид шуд. Дар панҷ соли пеш Амрико ҳамроҳ бо муттафиқонаш ҷанг дар Ироқро шурӯъ ва соли 2003 ҳукумати Саддом Ҳусайнро сарнагун кард. Дар як баёнияи махсус ба ин рӯз раиси ҷумҳури Ироқ Ҷалоли Толибонӣ гуфт, ки ишғоли Ироқ ба “зулму истибдод”-и давраи Саддом Ҳусайн хотима дод. Аммо гуфт, ӯ Ироқ ҳанӯз ҳам ба чолишҳои ҷиддие ба мисли хушунату терроризм ва фасодкорӣ рӯ ба рӯ аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG