Пайвандҳои дастрасӣ

Далай Лама омодаи дидор бо мақомоти Чин


Далай Лама - пешвои рӯҳонии буддоиёни Тибет имрӯз гуфт, ҳозир аст, бо раҳбарони Чин мулоқот кунад, агар онҳо ҳозир ба як чунин мулоқоте бошанд. Пешвои табъидии буддоиёни Тибет гуфтааст, ӯ ҳозир аст, махсусан бо раиси ҷумҳури Чин Ҳу Ҷинтао мулоқот кунад, то нооромиҳо дар Тибет хотима ёбанд. Давлати Чин Далай Ламаро масъули барангехтани нооромиҳо дар Тибет номида ва гуфтааст, ки Далай Лама мехоҳад. дар остонаи бозиҳои тобистонаи олимпии авзоъи Чинро халалдор кунад.
XS
SM
MD
LG