Пайвандҳои дастрасӣ

Мабнӣ бар тасдиқи ситорашиносон, соати 11 ва 18 дақиқаи имрӯз, 20 март, Наврӯзи фаррухпай ба диёри тоҷикон қадами сабзи худро гузошт.


Омада Наврӯз ҳам аз бомдод,
Омаданаш фарруху фархунда бод!
Ин иди миллии мардуми ориёӣ, ки ҳанӯз аз қуруни бостон ҳамчун ҷашни оғози сол ва эҳёи табиъат бо шукӯҳу таҷаллии хосса ҷашн гирифта мешавад, ҳамоно сарсабзу хуррам то ба имрӯз расидааст. Ҳарчанд ин мурғи озоди миллати тоҷик чандин даҳсола аз ҷониби ҳокимони вақт пушти қафаси фаромӯшии беадолатӣ зиндонӣ шуда буд, хушбахтона, ҳамакнун – онгуна, ки бояд! – озод аст.
Мардум фарорасии Наврӯзро ҳамеша чун пайки умед интизор мешаванд ва ояндаро ба фоли нек мегиранд.

Мо, кормандони родиюи «Озодӣ», фарорасии ин дами некро ба ҳамаи шумо, азизони дилу дида, муборак мегӯем ва ба якояки шумову наздиконатон саломату тавфиқ ва пирӯзиву саодатро орзу мекунем.
Наврӯзатон муборак бод!
XS
SM
MD
LG