Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Дик Чейнӣ бо Ҳомиди Карзай


Муовини раиси ҷумҳури Амрико Дик Чейнӣ имрӯз 20-уми март бо Ҳомиди Карзай раиси ҷумҳури Афғонистон шеваҳои муқобилаи ҳукумат ба зидди таҳдидҳои афзояндаи ҷангҷӯёни Толиб ва Ал-Қоидаро баррасӣ кардааст. Дик Чейнӣ, ки дар Ховари Миёна сафари даҳрӯзае анҷом медиҳад, рӯзи панҷшанбе аз Уммон ғайримунтазира вориди шаҳри Кобул шуд. Сухангӯи Дик Чейнӣ Ли Энн Макбрайд гуфт, раиси ҷумҳур Ҷорҷ Буш аз муовинаш хостааст, то дар остонаи нишасти раҳбарони кишварҳои узви Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ дар моҳи оянда бо Ҳомиди Карзай мулоқот кунад.

XS
SM
MD
LG