Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷашнгирии тоҷикон аз Наврӯз дар Русия


Бино бар хабари ситорашиносони рус, соати 9-у 18 дақиқаи субҳи 20-уми марти соли 2008 шабу рӯз дар Маскав, пойтахти Русия, баробар шуд.
Дар ҳамин ҳол, тоҷикони муқими ин шаҳр имрӯз иди миллии худ Наврӯзро ҷашн мегиранд. Ин ҷашнгирӣ соати 15 ба вақти маҳаллӣ шурӯъ шуда, то соати 20 идома мекунад, ки барномаи он чун солҳои қаблӣ рангорангу диданӣ мебошад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар дигар нуқоти Русия муҳоҷирони меҳнатии тоҷик базҳои наврӯзиро фардо, 21-уми март, баргузор хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG