Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба иди Наврӯз дар Тоҷикистон


Дар рӯзҳои таҷлили иди Наврӯз дар саросари кишвар мусобиқот дар риштаҳои мухталифи варзиш баргузор мешаванд.

Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: «Рӯзи 21-уми март дар ипподроми шаҳри Душанбе сабқати асптозӣ ва бузкашӣ, рӯзи 22-вуми март дар варзишгоҳи марказии пойтахт мусобиқаи гуштии миллӣ бо ширкати паҳлавонон аз манотиқи мухталифи кишвар доир мегарданд. Ғолибони сабқат бо туҳфаҳои қиматбаҳо ва зӯртарин паҳлавони мусобиқаи наврӯзӣ бо мошини сабукрав мукофотонида мешаванд».
Ҷаноби Мирзоев афзуд, боз як мусобиқаи ҷумҳуриявии гуштии миллӣ бо ширкати беҳтарин паҳлавонони кишвар рӯзи 24-уми март дар варзишгоҳи ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон барпо хоҳад шуд. Ҳамчунин дар бисёр риштаҳои маъмули варзиш, ба мисли армрестлинг ё дастхобонӣ, варзиши сабук, волейбол, футбол, тенниси рӯи миз ва ғайра, дар манотиқаи мухталифи кишвар баргузории мусобиқоти идона дар назар аст.
Муштзани тоҷик ба нимфинал баромад
Шералӣ Достиев, муштзани маъруфи тоҷик, дар охирин мусобиқаи интихобии олимпӣ дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона дар ду даври аввал пирӯз гардида, ба сабқати ниманиҳоӣ роҳ ёфт.
Ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 48 кг бар ҳарифони худ Колге Сангай, аз Ҳиндустон, ва Ориф Муҳаммад, аз Афғонистон, дастболо шуд. 22-вуми март Шералӣ Достиев дар даври севум бо ғолиби ҷуфти Кенҷӣ Охкубо (Жопун) – Христиан Рубенсон (Индонезиё) қувваозмоӣ мекунад. Агар муштзани тоҷик дар ин қувваозмоӣ пирӯз шуда, ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёбад, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Пекин хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG